Дар сояи афзоиши хароҷоти зиндагӣ дар Амрико ба сабаби ҷангҷӯии ин кишвар алайҳи Эрон, гузоришҳои расонаӣ бар афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Амрико таъкид доранд.
Ба гузориши агентии АБНА, Эн-Би-Си Ньюз ба нақл аз Анҷумани автомобилии Амрико хабар дод, ки нархи сӯзишворӣ аз замони оғози ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида ва режими сионистӣ ба Эрон дар феврали соли гузашта 50 фоиз афзоиш ёфтааст.
Блумберг пештар хабар дод, ки ноумедии афзоянда дар миёни қонунгузорони ҷумҳурихоҳ паҳн шудааст. Онҳо мегӯянд ҳизби ҷумҳурихоҳ вақти гаронбаҳоро ба масъалаҳое сарф мекунад, ки барои амрикоиҳо арзише надорад.
Дар ин гузориш омадааст, Конгресси таҳти роҳбарии ҷумҳурихоҳон бо норозигии иқтисодии афзояндае, ки аз ҷангҷӯии Доналд Трамп алайҳи Эрон сарчашма мегирад, рӯ ба рӯ аст. Ҷумҳурихоҳон дар талош ҳастанд, ки дар камтар аз шаш моҳи монда то интихоботи миёнадаврии Конгресс, дар бораи ҳар гуна нақша барои рафъи хароҷоти зиндагӣ дар Амрико ба иҷмоъ (консенсус) бирасанд.
Ҷейсон Кроу намояндаи демократи Амрико пештар гуфт: Трамп ба афзоиши хароҷот ва мушкилоти амрикоиҳо аҳамият намедиҳад.
Иана Брислей намояндаи дигари демократи Амрико таъкид кард: Нархи бензин, хароҷоти зиндагӣ ва суғурта баланд рафтааст ва ба болотарин сатҳи худ расидааст. Трамп бори дигар таъкид кард, ки ба кӯшишҳо барои паст кардани нархҳо ё беҳбудии молии амрикоиҳо аҳамият намедиҳад.
Дар сояи афзоиши хароҷоти зиндагӣ дар Амрико ба сабаби ҷангҷӯии ин кишвар алайҳи Эрон, гузоришҳои расонаӣ бар афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Амрико таъкид доранд.
Your Comment